Кумаки башардӯстонаи 30 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i63972-Кумаки_башардӯстонаи_30_кишвари_ҷаҳон_ба_Тоҷикистон
30 кишвари ҷаҳон дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ миллионҳо доллар кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон ирсол карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 19, 2021 18:33 Asia/Dushanbe
  • Кумаки башардӯстонаи 30 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон

30 кишвари ҷаҳон дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ миллионҳо доллар кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон ирсол карданд.

Ба гузориши хабаргузории Анатолия, Агентии омори давлатии Тоҷикистон арзиши кумакҳои дарёфтшуда дар ин муддатро 6 миллиону 560 ҳазор доллар аз 30 кишвари ҷаҳон эълом кард.

Вазни кумакҳои башардӯстонаи хориҷии ирсолшуда ба Тоҷикистон шомили орд, равған, маводи ғизоӣ, дору ва таҷҳизоти пизишкӣ 1. 4 ҳазор тон будааст.

Дар ин муддат Чин бо саҳми 32. 5 дарсадӣ бештарин саҳмро дар кумакҳои башардӯстонаи эътошуда ба Тоҷикистон доштааст. Русия низ бо 12. 9 дарсад ва Кореяи Ҷанубӣ бо 11. 4 дарсад дар рутбаҳои баъдии ироаи кумакҳои инсонӣ ба Тоҷикистон будаанд.

Тоҷикистон соли гузашта низ аз 62 кишвари ҷаҳон ба арзиши 55. 8 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт кард.