Оғози эмкунии корона дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 23 Mar 2021 13:22:08 GMT )
Март 23, 2021 18:22 Asia/Dushanbe
  • Ҷамолиддин  Абдуллоҳзода-вазири тандурустии Тоҷикистон аз нахустин касоне буд,ки эм(ваксина) карда шуд
    Ҷамолиддин Абдуллоҳзода-вазири тандурустии Тоҷикистон аз нахустин касоне буд,ки эм(ваксина) карда шуд

Аз субҳи рӯзи сешанбе 23 март раванди эмкунӣ(ваксинасия)и зидди вируси корона дар Тоҷикистон оғоз шудааст .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи душанбе дар ин замина фармони Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯр содир шуда буд .

  Осама Маккави-раиси дафтари Юнисеф дар Тоҷикистон, Ҷамолиддин  Абдуллоҳзода-вазири тандурустии Тоҷикистон, муовинони вай ва дигари мақомоти пизишкии Тоҷикистон нахустин каоне буданд ки эм карда шуданд карданд ё ваксинаи корона дарёфт карданд..

  Эмкунӣ дар бемористони Истиқлоли шаҳри Душанбе сурат гирифт .  Гуфтанӣ аст нахустин маҳмула бо 192 ҳазор дозаи ваксинаи Астра Зенека /Оксфорд AstraZeneca/Oxford дар чорчӯби барномаи COVAX рӯзи 8 марти 2021 аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон интиқол дода шуд .

   Дар маҷмӯъ дар ин барнома Тоҷикистон 624 ҳазор дозаи ваксинаи мушаххасшударо дарёфт мекунад .

  Ваксинасия дар Тоҷикистон дар ҳоле оғоз шуда, ки ба гуфтаи мақомоти расмӣ таи 3 моҳи ахир ҳеч мавриде аз гирифтор шудан ба Ковид 19 дар қаламрави кишвар ба сабт нарасидааст .

 

    Бештар бихонед :