Март 23, 2021 18:46 Asia/Dushanbe
  • Сироҷиддини Меҳриддин дар паёми табрики наврӯзии худ ба Зариф ибрози умедворӣ кард,ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон афзоиш ёбад
    Сироҷиддини Меҳриддин дар паёми табрики наврӯзии худ ба Зариф ибрози умедворӣ кард,ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон афзоиш ёбад

Вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар паёме ба ҳамтои эронии худ фаро расидани Наврӯзи бостониро табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сироҷиддини Меҳриддин-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар паёми табрики худ ба Муҳамадҷаводи Зариф-вазири умӯри хориҷаи Эрон ба муносибати фарорасии ҷашни бостонии Наврӯз ибрози умедворӣ кард ҳамкориҳои ду кишвар густариш ёбад.

   Матни паёми Сироҷиддини Меҳриддин ба шарҳ зер аст :

   « Ҷаноби оқои доктор Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири муҳтарами умӯри хориҷаи Ҷумҳӯрии исломии Эрон

   Салому алайкум

    Бо камоли ифтихор табрику таҳнияти худро ба муносибати фаро расидани Наврӯзи оламафрӯз, эҳёи табиату эътидоли баҳорӣ ба ҷаноби олӣ ва ҳамкорони муҳтараматон иброз менамоям . Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои мардуми ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз даврони қадим то кунун бо ормонҳои олии башардӯстонае ҳамонанди дӯстӣ ва ҳамкорӣ, созандагӣ,инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоӣ ва неъматҳои табиат мардумро гирдиҳам овардааст . Умедворам дар айёми ин Иди хуҷаста  бо саъй   кӯшишу талошҳои созандаи мо,  ҳамкориҳои ду кишвар беш аз пеш густариш ёбад .

 Сироҷиддини Меҳриддин-вазири умӯри хориҷаи ҷумҳӯрии Тоҷикистон »

 

  Бештар бихонед :

Барчасп