Гуфтугуи Сироҷиддини Муҳриддин ва Ҳаниф Атмар дар бораи сафари Ашрафғанӣ ба Тоҷикистон
Вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Афғонистон рӯзи сешанбе бо якдигар телефонӣ гуфтугу карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар ,Сироҷиддини Муҳриддин ва Муҳаммадҳаниф Атмар дар ин гуфтугу, ки ба дархости тарафи афғон анҷом шуд масаълаҳои омодагӣ ба сафари расмии Муҳаммад Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯрии Афғонистон ба ҷумҳӯрии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд .
Қарор аст Ашрафғанӣ дар маросими ифтитоҳи конфронси нуҳуми вазирони « Қалби Осиё - раванди Истанбул », ки 30 марти 2021 дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат кунад .
Муҳриддин ва Атмар ҳамчунин дар бораи ҳамкории минтақаӣ дар раванди истиқрори суботу сулҳ дар Афғонистон, амалисозии тарҳҳои минтақаӣ ба хусӯс дар бахшҳои энержӣ, зерсохтҳо ва нақлиёту боркашонӣ, ки бо пуштибонии созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақаӣ иҷро мешавад, табодули назар карданд .
Бештар бихонед :