Русия маҳдудият бар парвозҳои хориҷиро бекор мекунад
(last modified Fri, 26 Mar 2021 11:16:46 GMT )
Март 26, 2021 16:16 Asia/Dushanbe
  • Парвозҳо миёни Русия бо Тоҷикистон, Венесуэла, Сурия, Узбакистон, Шриланка ва Олмон барқарор мешавад
    Парвозҳо миёни Русия бо Тоҷикистон, Венесуэла, Сурия, Узбакистон, Шриланка ва Олмон барқарор мешавад

Русия аз аввали апрел парвозҳои худро бо шаш кишвар барқарор мекунад.

Ба гузориши ИРНА, давлати Русия бо интишори баёнияе эълом кард: Тасмим гирифта шуд, ки аз рӯзи якуми апрели 2021 парвозҳо ба сурати дуҷониба миёни Русия бо Тоҷикистон, Венесуэла, Сурия, Узбакистон, Шриланка ва Олмон барқарор мешавад.

Бар ин асос, дар масири Тоҷикистон ҳафтае як бор аз Маскав ба Душанбе ва баръакс парвоз барқарор хоҳад шуд. 

Мақомоти Тоҷикистон бо истиқбол аз ин тасмими Русия, онро воқеъбинона хонда ва эълом кардаанд, аз шаш моҳ пеш барои барқарории дубораи парвозҳо бо Русия омода будаанд. 

Бо ин ҳол, марзҳои Русия ба ҷуз дар мавориди истисноӣ ҳамчунон баста боқӣ мемонад.

Бо вуҷуди густариши мавҷи дувуми Ковид -19 аз тирамоҳ дар Русия, мақомоти ин кишвар аз карантини умумӣ худдорӣ карданд то иқтисоди шиканандаи ин кишвар осеб набинад.

Маҷмӯи кулли мубталоён ба Ковид -19 дар Русия ба 4 миллиону 400 ҳазор нафар расидааст ва то рӯзи панҷшанбе 96 ҳазор нафар бар асари аворизи ибтило ба ин беморӣ дар ин кишвар ҷон бохтаанд.

Русия се навъ ваксина барои муқобила бо корона сохта ва умедвор аст бо корзори ваксинатсияи фарогир ба ин пандемия поён диҳад.

 

Бештар бихонед: