Октябр 21, 2016 17:17 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон аз Туркия истирдоди шаҳрвандони тоҷикистонии муттаҳам ба терроризмро хостор шуд

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо вазири хориҷаи Туркия истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба Туркия паноҳ бурдаанд ва ба фаъолиятҳои ифротгариву террористӣ муттаҳам ҳастанд, хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Эмомалӣ Раҳмон имрўз бо Мавлуд Човушуғлу, вазири хориҷаи Туркия, ки барои сафаре расмӣ вориди Душанбе шудааст, дидор кард.

Раҳмон дар ин дидор аз Анкара дархост кард, ки дар боздошт ва истирдоди шаҳрвандони тоҷикистоние ки таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд ва ба иқдомоти террористӣ ва ифротгароӣ муттаҳам ҳастанду ба Туркия паноҳ бурдаанд, ҳамкорӣ кунад.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бар зарурати рӯйи даст гирифтани тадобири ҳамоҳанг барои ҷилавгирӣ аз пайвастани шаҳрвандони тоҷикистонӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, ки аз масири Туркия дар ҷангҳои Ироқу Сурия ҳозир мешаванд, таъкид кард.

Раҳмон бо баёни ин ки муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва ифротгароӣ ба хотири таъмини амнияту суботи ҳарду кишвар ва минтақа, аз бахшҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба миёни Душанбеву Анкара маҳсуб мешавад, афзуд: "Давлати Тоҷикистон истифода аз "стандартҳои дугона" дар мубориза бо терроризму ифротгароиро намепазирад".

 

Барчасп