Иззат Амон аз Русия ихроҷ шуд
Додгоҳе дар Маскав Иззат Амон, мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русияро ба пардохт ҷаримаи молӣ маҳкум ва ҳукми истирдоди ӯро аз ин кишвар содир кард.
Ба гузориши сомонаи «Спутник», додгоҳи шаҳри Маскав эълом кардааст, ки Иззат Амон бар асоси банди 18 қонуни ҷиноии Русия марбут ба поймол кардани қонунҳои кору зиндагӣ дар ин кишвар ба пардохти ҷаримаи молӣ ва истирдод ба Тоҷикистон маҳкум шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон алайҳи Иззат Амон ба иттиҳоми ифротгароӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.
Бар асоси ҳукми додгоҳи Русия шиносномаи русии Иззат Амон бекор шудааст ва ӯ ба зудӣ ба Тоҷикистон истирдод хоҳад шуд.
Иззат Амон донишомӯхтаи донишгоҳ ва Академияи улуми сиёсии Вазорати умури хориҷаи Русия аст, ки дар соли 1996 шаҳрвандии ин кишварро дарёфт карда ва аз соли 2000 дар Маскав зиндагӣ мекард.
Вай муддаӣ аст, ки дар ҳеч гурӯҳ ё созмони мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон узвият надошта ва танҳо аз беамалии ниҳодҳои расмии ин кишвар дар дифоъ аз ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик интиқод мекардааст.
Бештар бихонед:
- Беҳбудии мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик аз корона дар Русия
- Бемории ду мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия
- Парвандаи ҷиноӣ алайҳи мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷир