Ирсоли парвандаи размикори ихроҷии тоҷик аз Русия ба додгоҳи Душанбе
(last modified Mon, 14 Feb 2022 07:04:57 GMT )
Феврал 14, 2022 12:04 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли парвандаи размикори ихроҷии тоҷик аз Русия ба додгоҳи Душанбе

Парвандаи размикори ихроҷии тоҷик аз Русия ба додгоҳи Душанбе ирсол шуд.

Парвандаи Чаҳоршанбе Чаҳоршанбиов, размикори ихроҷии тоҷик аз Русия, ки дар шаҳри Душанбе боздошт шуда буд, барои муҳокима ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол шуд.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, наздикони вай эълом карданд, ки ҳанӯз таърихи оғози муҳокимаи ин размикори тоҷик мушаххас нест.

Даъват барои барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон бо истифода аз фазои маҷозӣ аз иттиҳомоти Чаҳоршанбиев аст.

Ин иттиҳом метавонад барои ӯ аз 8 то 15 соли зиндонро дар пай дошта бошад.

Аммо ӯ ин иттиҳомро рад кардааст.

Додгоҳи Маскав Чаҳоршанбиевро дар авохири декабри соли 2021 ба иттиҳоми нақзи қонуни иқомат дар ин кишвар маҳкум ба пардохти ҷаримаи молӣ ва истирдод ба Тоҷикистон кард.