Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Ҳиндустон
(last modified Sat, 27 Mar 2021 12:21:09 GMT )
Март 27, 2021 17:21 Asia/Dushanbe
  • Дар ин дидор роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ байни ду кишвар дар заминаи энержиҳои таҷдидпазир баҳсу баррасӣ шуд.
    Дар ин дидор роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ байни ду кишвар дар заминаи энержиҳои таҷдидпазир баҳсу баррасӣ шуд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз дидори сафири ин кишвар дар Деҳлии нав бо вазири энержӣ, тавсеаи маҳоратҳо ва корофаринии Ҳиндустон хабар дод.

Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон бо Раҷ Кумар Синг, вазири энержӣ, тавсеаи маҳоратҳо ва корофаринии ин кишвар дидор кард.

Дар ин дидор роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ байни ду кишвар дар заминаи энержиҳои таҷдидпазир баҳсу баррасӣ шуд.

Ҳамчунин тайи ин мулоқот мавзӯоти марбут ба ҳамкории ду кишвар дар заминаи обу энержии хуршедӣ баҳсу табодули назар шуд.

Илова бар ин, тарафайн дар мавриди табодули таҷриба байни ду кишвар дар заминаи тавсеаи маҳоратҳову омӯзиши ҳирфаӣ тавофуқ карданд.

 

Бештар бихонед: