Сохти мустанад аз ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон
Коргардони иморотӣ қасд дорад филме аз ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон бисозад.
Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, Ҳусайн Алъори, филмсози Имороти Муттаҳидаи Арабӣ қасд дорад дар ояндаи наздик аз манзараҳои табиӣ ва ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон мустанад таҳия кунад.
Ин мавзуъ дар мулоқоти Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муҳаммадкомил Алмуини, раиси Институти байналмилалии дипломатияи фарҳангии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Ҳусайн Алъорӣ, коргардони иморотӣ баҳсу баррасӣ шуд.
Ин гурӯҳи иморотӣ барои ширкат дар ҳамоишҳои байналмилалии “Наврӯзи Душанбе – маркази равобити фарҳангӣ ва гардишгарӣ” ва “Наврӯз – мероси фарҳангиву гардишгарӣ” ба Тоҷикистон сафар карда буданд.
Бештар бихонед:
- Судури муҷаввизи 3 ширкати сайёҳӣ дар Тоҷикистон
- Коҳиши гардишгарон ва афзоиши ширкатҳои хадамоти гардишгарӣ дар Тоҷикистон
- Хисорати 174 миллиондолларии корона ба гардишгарии Тоҷикистон