Сохти мустанад аз ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон
(last modified Sat, 27 Mar 2021 14:07:03 GMT )
Март 27, 2021 19:07 Asia/Dushanbe
  • Коргардони иморотӣ аз манзараҳои табиӣ ва ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон мустанад таҳия мекунад
    Коргардони иморотӣ аз манзараҳои табиӣ ва ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон мустанад таҳия мекунад

Коргардони иморотӣ қасд дорад филме аз ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон бисозад.

Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, Ҳусайн Алъори, филмсози Имороти Муттаҳидаи Арабӣ қасд дорад дар ояндаи наздик аз манзараҳои табиӣ ва ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон мустанад таҳия кунад.

Ин мавзуъ дар мулоқоти Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муҳаммадкомил Алмуини, раиси Институти байналмилалии дипломатияи фарҳангии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Ҳусайн Алъорӣ, коргардони иморотӣ баҳсу баррасӣ шуд.

Ин гурӯҳи иморотӣ барои ширкат дар ҳамоишҳои байналмилалии “Наврӯзи Душанбе – маркази равобити фарҳангӣ ва гардишгарӣ” ва “Наврӯзмероси фарҳангиву гардишгарӣ” ба Тоҷикистон сафар карда буданд.

 

Бештар бихонед: