Июл 25, 2016 14:26 Asia/Dushanbe
  • 160 санади муҳими дуҷониба меҳвари тавсеаи равобити Эрон ва Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон дар Эрон дар маросими 25 солагии истиқлоли кишвараш дар Теҳрон гуфт: Тоҷикистон аз оғози истиқлол муътақид ба таҳким ва густариши равобити дӯстона ва сулҳомез бо ҷумҳурии исломии Эрон буда ва 160 санади муҳими дуҷониба меҳвари тавсеаи равобити Эрон ва Тоҷикистон аст.

Ба иттилои хабарнигори хабаргузории Садо ва Симо, Неъматуллоҳ Имомзода дар маросиме, ки ба муносибати 25 солагии истиқлоли ин кишвар дар маҳалли сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор шуд, тасреҳ кард: Тоҷикистон аз оғози истиқлол муътақид ба таҳким ва густариши равобити дӯстона ва сулҳомез бо ҷумҳурии исломии Эрон будааст.

Вай афзуд: То имрӯз беш аз 160 санади муҳими дуҷониба байни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Имомзода бо ишора ба захираҳои 94 дарсадии оби Тоҷикистон ва чигунагии имкони истифодаи Эрон аз ин манобеъ гуфт: Ин мавзуъ ниёз ба омодагии ду кишвар дорад, аммо Тоҷикистон омодагии лозимро дар ин замина дорад.

Сафири Душанбе дар Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба 25-умин Солгарди истиқлоли ҷумҳурии Тоҷикистон тасреҳ кард: Ин истиқлол моро соҳиби давлате озод ва соҳибихтиёр кардааст, ки тамоми талоши худро барои фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардуми Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Имомзода афзуд: Мардуми Тоҷикистон бо вуҷуди ҷанги дохилӣ ва мушкилоти зиёд тавонистанд пешрафте устуворро дар кишвари худ барқарор кунанд.

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ҷумҳурии исломии Эронро аз нахустин кишварҳое хонд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шумурд ва гуфт: Ду кишвар ҳамкориҳои бисёре дар бахши энержӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва тавлиди масолеҳи сохтмонӣ доранд, ки нишонае возеҳ аз равобити хуби Эрон ва Тоҷикистон аст.

Неъмтуллоҳи Имомзода ҳамчунин ибрози умедворӣ кард: Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон то поёни имсол дар Эрон баргузор шавад .

Барчасп