Судури муҷаввизи баргузории ҷашни арӯсӣ бо иштироки 100 меҳмон дар Тоҷикистон
Ситоди кишварии муқобила бо вируси коронаии Тоҷикистон муҷаввизи баргузории ҷашни арӯсӣ бо ҳузури 100 меҳмонро содир кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, далели ин иқдом беҳбуди авзоъи беҳдоштии кишвар ва набуди мавридҳои ҷадиди мубтало шудани афрод ба бемории Ковиди 19 тайи 78 рӯзи ахир унвон шудааст.
Қаблан ҷашни арӯсӣ танҳо бо иштироки 40 нафар ва бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ имконпазир буд.
Ин тасмим дар пайи шикояти моликони ресторанҳо гирифта шуд, ки муддаӣ буданд бо бозгушоии марказҳои тиҷорӣ, масҷидҳо, мактабҳо ва донишгоҳҳо ва содир шудани муҷаввизи баргузории ҷашни наврӯз ва мусобиқоти варзишӣ, танҳо маҳдудияти баргузории ҷашнҳои арӯсӣ бо мушорикати 40 нафар бидуни тағйир мондааст, ки ба зиён онон аст. Чунки баргузории ҷашнҳои арӯсӣ бо 40 нафар наметавонанд ҳазинаҳои нигаҳдориро таъмин кунанд ва дучори зиёни фаровон мешаванд.
Аз сӯи дигар Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашн ва маросими Тоҷикистон бо эъломи судури муҷаввизи ҷашни арӯсӣ бо иштироки 100 меҳмон тавассути ситоди кишварии муқобила бо вируси корона аз кормандони хеш дархост кардааст, ки назорат бар риояти муқаррароти беҳдоштиро дар ин замина ташдид кунанд.
Бештар бихонед: