Баргузории конфронси “Қалби Осиё” дар бораи Афғонистон дар Душанбе
-
Нишасти \"Қалби Осиё\" бо суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ҳамтои афғонистонии ӯ оғоз мегардад
Нуҳумин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви ибтикори “Қалби Осиё” дар бораи Афғонистон дар Душанбе рӯзи 30 март баргузор мегардад.
Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ин нишаст бо суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ҳамтои афғонистонии вай оғоз мегардад.
Гуфта мешавад, ки дар нишасти Душанбе суханронии ҳузурии 15 вазири умури хориҷаи кишварҳои узви ибтикори “Қалби Осиё” ва мушорикати маҷозии намояндагони 16 кишвари кумаккунанда ва масъулони 16 созмони байналмилалӣ ва минтақаӣ дар назар мебошад.
Дар ин нишаст роҷеъ ба роҳҳои барқарории сулҳ дар Афғонистон, густариши ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ бо ин кишвар, муборизаи муштарак бо таҳдидоти террористӣ ва ифротигарӣ, қочоқи маводи мухаддир ва роҳкорҳои фақрзудоӣ баҳсу табодули назар хоҳад шуд.
Дар поёни нишасти Душанбе эъломияи муштараки вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви ибтикори “Қалби Осиё” дар бораи Афғонистон тасвиб ва мунташир мегардад.
Бештар бихонед: