Вазорати молия бояд қарзи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистонро бипардозад
(last modified Mon, 29 Mar 2021 16:29:10 GMT )
Март 29, 2021 21:29 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2015 барои сохти роҳ аз бонки чинӣ вом гирифта буд
    Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2015 барои сохти роҳ аз бонки чинӣ вом гирифта буд

Ҳукумати Душанбе ба Вазорати молия дастур додааст, ки 25 миллион доллар аз маблағи қарзи Бонки содироту воридоти Чин ба ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистонро пардохт кунад.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, дар ин дастур таъкид шудааст, ки ин маблағ суду ҷаримаи деркарди ин вомро шомил мешавад ва бояд имсол пардохт гардад.

Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2015 барои сохти бахше аз масири Душанбе - Бохтар – Ваҳдат ва Ёвон ба тӯли 46 километр аз Бонки содироту воридоти Чин 68 миллион доллар қарз гирифта буд.

Дар ин масир 3 нақб ва 11 пули иртиботӣ низ сохта шуд.

Баҳром Шодиев, муовини раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтааст: “Маблағи 25 миллион долларе ки Вазорати молияи Тоҷикистон бояд ба дастури ҳукумат ба Бонки содироту воридоти Чин пардохт кунад, бахше аз қарзи ин ширкат мебошад, ки пас аз сохти ин шохаи роҳи оҳан дар соли 2016 ба далели мушкилоти молӣ заминаи бозпардохти он вуҷуд надошт”.

Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон бояд тайи 5 сол 25 миллион долларро низ ба ҳукумат бозгардонад.

 

Бештар бихонед: