Дидори вазири хориҷаи Туркия бо раиси парлумони Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷаи Туркия барои ширкат дар нишасти гурӯҳи "Қалби Осиё - раванди Истамбул" ба Тоҷикистон омадааст, бо раиси парлумони Туркия мулоқот кард.
Ба гузориши сервиси байналмилали хабаргузории садо ва симо ба нақл аз хабаргузории Анатолия, вазири корҳои хориҷаи Туркия, ки барои ширкат дар нишасти гурӯҳи ” Қалби Осиё - раванди Истамбул“ ба Тоҷикистон сафар кардааст дар Душанбе бо раиси парлумони ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.
Мавлуд Човуш Уғлу бо интишори Твиттӣ дар паёмрасони Твиттер эълом кард дар дидор бо Муҳаммадтоҳир Зокирзода дар бораи афзоиши дидорҳои парлумонии ду кишвар баъд аз поёни шуюъи вируси корона гуфтугӯ кард. Вай афзуд, ки дипломатияи парлумонӣ муносибатҳои бародаронаи ду кишварро тақвият мебахшад.
Човуш Уғлу рӯзи якшанбе барои ширкат дар нуҳумин конфаронси вазоратии гурӯҳи ” Қалби Осиё - раванди Истамбул" ва дидор бо мақомоти Тоҷикистон вориди ин кишвар шуд.
Вазорати хориҷаи Туркия дар баёнияе эълом кард сафари Човуш Уғлу ба Тоҷикистон то сиюми март идома хоҳад дошт ва дар ин сафар бо Сироҷмиддин Муҳриддин ҳамтои тоҷик ва Раиси Ҷумҳурии ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Конференсияи ” Қалби Осиё - раванди Истамбул“ рӯзи сиюми март баргузор мешавад.
Гурӯҳи ” Қалби Осиё - раванди Истамбул “ соли 2011 ба ибтикори Туркия ва Афғонистон таъсис шуд ва дар нишастҳои худ роҳҳои барқарории сулҳу мубориза бо таъассуб алайҳи ақоиди динӣ ва табъиз мубтанӣ бар ақида ва ҳамчунин мубориза бо тероризм, фақру дигар мавзӯъотро баррасӣ мекунад.
Бештар бихонед: