Ҳузури 3 дзюдокори тоҷик дар мусобиқоти “Гранд Слам Анталия – 2021”
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i64452-Ҳузури_3_дзюдокори_тоҷик_дар_мусобиқоти_Гранд_Слам_Анталия_2021
Се варзишкори тоҷик дар мусобиқоти “Гранд Слам Анталия – 2021” ширкат карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 30, 2021 19:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 3 дзюдокори тоҷик дар мусобиқоти “Гранд Слам Анталия – 2021”

Се варзишкори тоҷик дар мусобиқоти “Гранд Слам Анталия – 2021” ширкат карданд.

Ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқоти “Дзюдо Гранд Слам Анталия – 2021” аз 1 то 3 апрел дар Анталияи Туркия баргузор мешавад.

Шаҳбоз Саидаброров (дар вазни 60 килограм), Комроншоҳи Устопириён (90 килограм) ва Темур Раҳимов (100 килограм) 3 дзюдокори тоҷике ҳастанд, ки барои ширкат дар ин мусобиқот ба Анталия сафар карданд.

Дар ин мусобиқот 501 варзишкор аз 96 кишвар ҳузур доранд.

Ин дувумин мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо аст, ки имсол Шаҳбоз Саидаброров дар он ширкат кардааст.

Варзишкорон дар ин мусобиқот метавонанд саҳмияи ҳузур дар олимпиро касб кунанд.

Дар ин турномент илова бар нишони қаҳрамонӣ, ба мақоми аввал 5000 доллар, мақоми дувум 3000 ва ба дорандаи нишони биринҷӣ 1500 доллар ҷоизаи нақдӣ пардохт мешавад.

 

Бештар бихонед: