Март 31, 2021 12:15 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти фарзанди Иззат Амон бо падараш дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
    Мулоқоти фарзанди Иззат Амон бо падараш дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Фарзанди мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик Иззат Амон, ки ахиран аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе боздошт шудааст, аз мулоқот бо падараш хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Созмони коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия, Муҳаммадюсуф Амонов гуфтааст, ки дар пайи талошҳои зиёд  ба мулоқот бо падараш дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳри Душанбе муваффақ шудааст. 

 Вай таъкид кардааст, ки ин мулоқот ним соат идома дошта падараш умедвораст, ки бо пардохти маблағи хисорати молӣ ба шокӣ аз боздошт озод хоҳад шуд. 

Ин дарҳолест, ки додгоҳи шаҳри Маскав эълом кард, ки гузарномаи русии Иззат Амон лағв ва бар асоси банди 18 қонуни ҷиноии Русия марбут ба нақзи қавонини кор ва зиндагӣ дар ин кишвар ба пардохти ҷаримаи молӣ ва истирдод   ба Тоҷикистон маҳкум шудааст.

Аммо дар Тоҷикистон Вазорати корҳои дохила эълом кард, ки Иззат Амон барои озод кардани бародари яке аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия аз ин фард маблағи 40 ҳазор рубл дарёфт кардааст,  вале коре анҷом надодааст. 

Аз ин рӯ дар Тоҷикистон алайҳи вай ба иттиҳоми кулоҳбардории молӣ, парвандаи ҷиноӣ ташкил шуда ва ба маҳзи вуруд ба Душанбе боздошт шуд. 

Иззат Амон донишомӯхтаи донишгоҳ ва Академияи улуми сиёсии Вазорати умури хориҷаи Русия аст, ки дар соли 1996 тобеияти ин кишварро дарёфт кард ва аз соли 2000 дар Маскав зиндагӣ мекард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп