Ризоияти Эмомалӣ Раҳмон ва Қурайшӣ аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон
(last modified Wed, 31 Mar 2021 15:06:08 GMT )
Март 31, 2021 20:06 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири умури хориҷаи Покистон дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар карданд
    Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири умури хориҷаи Покистон дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар карданд

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири умури хориҷаи Покистон зимни дидору музокирот аз сатҳи ҳамкориҳо миёни ду кишвар ибрози ризоият карданд.

Қурайшӣ ба манзури ширкат дар нуҳумин конфронси вузарои умури хориҷаи “Қалби Осиё - раванди Истанбул” вориди Тоҷикистон шуда буд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири умури хориҷаи Покистон дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, бозаргонӣ, амниятӣ, илмиву фарҳангӣ ва ҳамчунин натоиҷи нуҳумин конфронси “Қалби Осиё - раванди Истанбул” табодули назар карданд.

Раҳмон бо матлуб хондани сатҳи равобит миёни Душанбе ва Исломобод, хостори рӯйи даст гирифтани иқдомоти ҷадид барои таҳкиму густариши ҳарчӣ бештари таомулот дар заминаҳои мухталиф шуд.

Ду тараф ишора карданд, ки равобити миёни Тоҷикистон ва Покистон аз мабнои қавии ҳуқуқӣ бархӯрдор будаву ҷиҳати фароҳам кардани бистари ҳамкориҳо дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, ташвиқ ва ҳимояти мутақобил аз сармоягузорӣ, амниятӣ, фарҳангӣ, омӯзишӣ, пизишкӣ ва ҷаҳонгардӣ даҳҳо санад имзо шудааст.

Ҳамчунин Раҳмон ва Қурайшӣ бар зарурати ташдиди фаъолиятҳои комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, шӯрои муштараки туҷҷор ва корфармоён, коргурӯҳҳои муштарак дар заминаи нафту газ, энержӣ ва зербиноӣ таъкид карданд.

Раҳмон ва Қурайшӣ ҳамчунин дар хусуси иҷрои тарҳҳои минтақаие монанди “КАСА -1000” табодули назар карданд ва таъмиқи ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалиро муҳим донистанд.

 

Бештар бихонед: