Апрел 02, 2021 20:14 Asia/Dushanbe
  • Дар рӯзҳои охир баҳсҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи марзҳо ва сокинони марз ба марҳилаи нав ворид шуд
    Дар рӯзҳои охир баҳсҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи марзҳо ва сокинони марз ба марҳилаи нав ворид шуд

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба иддаои Қирғизистон дар бораи баррасии санадҳои қирғизҳои муқими Тоҷикистон посух дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Сироҷиддин Муҳриддин дар дидор бо Руслан Қазоқбоев ҳамтоии қирғизи хеш дар ҳошияи нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд дар Маскав гуфтааст, ки раванди эътоии тобеъияти қирғизистонӣ ба қирғизҳои муқими Тоҷикистон бояд қонунӣ ва бар асоси созшномаи дуҷониба бошад. 

Қазоқбоев аз ин ки мақомоти интизомии Тоҷикистон ба баррасии асноди ҳувиятии қирғизҳои сокини ноҳияи Лахш дар шарқи кишвар пардохтаанд, ибрози нигаронӣ карда, аммо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ гуфтааст ба таври якҷониба додани тобеъияти қирғизистонӣ ба ин афрод бидуни созшномаи ҳуқуқӣ бо Душанбе фоқиди эътибор аст ва зарурат дорад. ки дар ин замина созшнома миёни ду кишвар ба имзо расад.

Дар ин дидор ҳамчунин мавзӯи истифода аз рудхонаҳои марзӣ. идомаи музокирот барои аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар рӯзҳои ахир миёни Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи собиқи Тоҷикистон ва раиси Комитеи давлатии амнияти миллии Қирғизистон генерал Қомчибек Ташиев  бар сари шоеаи вогузории минтақаи Ворухи ноҳияи Исфара бо 30 ҳазор ҷамъият ба тарафи қирғиз дар баробари дарёфти 12 ҳазор гектар замин аз ноҳияи Ботканд ҷидоли лафзӣ оғоз шуд, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии минтақа низ кашид. 

Зарифӣ таъкид карда буд, ки Ворух ҷузви ҷудоинопазири Тоҷикистон аст ва  таҳти ҳеч шароите ба Қирғизистон вогузор нахоҳад шуд.

Ташиев ҳам гуфта буд, ки ин танҳо як пешниҳод буд, ки дар музокироти ахир ба тарафи Тоҷикистон пешниҳод шуд. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп