Апрел 05, 2021 12:51 Asia/Dushanbe
  • Дар нахустин парвози муназзами Маскав - Душанбе танҳо 10 шаҳрванди тоҷик тавонистанд парвоз кунанд
    Дар нахустин парвози муназзами Маскав - Душанбе танҳо 10 шаҳрванди тоҷик тавонистанд парвоз кунанд

Дувумин парвози муназзами ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон мавсӯм ба Сомон эйр ба Маскав бо таъхир анҷом шуд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто,ин ҳавопаймо дар дувумин парвози муназзам миёни Тоҷикистону Русия таи як соли ахир 184 мусофирро бо ду соъат таъхир аз Душанбе ба Маскав мунтақил кард .

   Нахустин парвози муназзам миёни пойтахтҳои ду кишвар дар як соли ахирро рӯзи 4 апрел ширкати ҳавопаймоии русии Ют эйр анҷом дод, ки 258 нафарро аз Маскав ба Душанбе мунтақил кард.

  Ин парвоз дар баргашт бо 10 мусофир ба Маскав парвоз кард; дар ҳоле ки барои ин парвоз 249 мусофир билет харидорӣ карда буданд.

   Мақомоти ин ширкати русӣ гуфтаанд, ки танҳо коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар феҳристи Вазорати меҳнати Русия сабти ном шудаанд, мутахассисони мавриди ниёзи ширкатҳои русӣ ва хонаводаҳои онон, бемороне ки ниёз ба дармон дар Русия доранд ва хешони наздики тоҷикҳои дорои  шаҳрвандии Русия  аз ҷумлаи гурӯҳҳои дорои муҷаввизи вуруд ба Русия ҳастанд .

  Аммо Икром Субҳонзода-мудири ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон эълом кардааст, ки далели ин нобасомонӣ сари вақт вориди нашудани тағироти шароити парвоз дар қонунҳои Русия мебошад ,ки рӯзҳои наздик рафъ хоҳад шуду рӯзи 9 апрел ин мусофирони бозмонда ба Маскав мунтақил хоҳанд шуд .

   Вай дар бора иллати таъхири парвози муназзами ширкати ҳавопаймоии Сомон эйр ба Маскав тавзеҳ надод .

    

  Бештар бихонед :

 

Барчасп