Апрел 05, 2021 18:59 Asia/Dushanbe
  • Мубодилаи иттилоот дар бораи муборизаи муштарак бо терроризм яке аз мавзӯъҳои сафари вазири дифои Тоҷикистон ба Эрон аст
    Мубодилаи иттилоот дар бораи муборизаи муштарак бо терроризм яке аз мавзӯъҳои сафари вазири дифои Тоҷикистон ба Эрон аст

Вазири дифои Тоҷикистон генерал Шералӣ Мирзо дар чорчӯби сафари расмӣ озими Теҳрон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири дифоъи Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи сиёсӣ ва низомии Эрон мулоқот мекунад.

Дар ин сафар масоили марбут ба ҳамкориҳои Теҳрон ва Душанбе дар соҳаҳои низомӣ ва техникӣ баррасӣ карда мешаванд.

Ҳамоҳангсозӣ ва табодули иттилоот дар бораи муборизаи муштарак бо терроризм яке аз масъалаҳои муҳими сафари вазири дифои Тоҷикистон ба Эрон аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп