Даргузашти раиси зиндонии ширкати “Умед – 88”
Раиси собиқи зиндонии ширкати “Умед – 88”, ки аз бемории захми меъда ранҷ мебурд, дар пайи бадтар шудани вазъи саломатиаш ба бемористон мунтақил шуд ва дар он ҷо даргузашт.
Ба гузориши сомонаи “Пресса ТҶ”, наздикони Раҷабалӣ Одинаев гуфтаанд, ки вай аз зиндон барои дармон ба бемористони Ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе мунтақил шудаву таҳти амали ҷарроҳӣ қарор гирифта буд, аммо талошҳо барои зинда мондани вай бенатиҷа монд.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар соли 2017 раиси ширкати сӯхтрасонии “Умед- 88” -ро ба иттиҳоми ғайримақсабнок истифода бурдани амволи давлатӣ ва низ бознагардонидани қарзи дарёфтӣ аз чанд бонк ва ниҳоди молӣ, аз ҷумла ҷамъияти саҳҳомии хоси нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба 28 соли зиндон бо низоми сахт маҳкум кард.
Кормандони Агентии давлатии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати таъмини сӯхти “Умед -88” -ро ба ҳамроҳи муовин ва чаҳор мақоми масъули ин ширкат боздошт карда буданд.
Қарзе, ки масъулони ин ширкат дарёфт карда ва онро пардохт накардаанд, 172 миллион сомонӣ эълом шудааст.
Бо ҳукми додгоҳ тамоми амволи ин ширкат низ мусодира ва ба фурӯш гузошта шуд.
Бештар бихонед:
- Амволи ширкати “Умед – 88” барои сохти нерӯгоҳи Роғун харҷ мешавад
- Иттиҳоми нав алайҳи масъулони ширкати сӯхтрасони “Умед – 88”