Маҷористон омода аст ба Тоҷикистон 30 миллион доллар кумак кунад
Маҷористон 30 миллион доллар ба тоҷикистон кумак мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Завқӣ Завқизода вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ин матлабро пас аз дидор бо вазири умури хориҷаи Маҷористон Петер Сийярто, дар шаҳри Душанбе эълом кард.
Вай гуфт: Бонки воридот ва содироти Маҷористон барои сохти корхонаҳои муштарак ва кумак ба табодулоти молии тиҷории Тоҷикистони кумаки 30 миллиондолларӣ ихтисос хоҳад дод.
Ин пул бо ҳадафи сохти марокизи саноатӣ ва тавлидӣ дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон, афзоиши зарфияти тавлиди маҳсулоти нассоҷӣ коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси ширкатҳои дорусозӣ пардохт карда мешавад.
Ҳамчунин дар ин мулоқот тарафайн тасмим гирифтанд барои тасҳил дар муровидоти иқтисодии комиссияи муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории муштарак ташкил шавад.
Вазири умури Маҷористон пеш аз ин бо ҳамтои тоҷикистонии хеш Сироҷиддин муҳриддин низ дар душанбе дидор ва дар бораи густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ ва омӯзшии ду кишвар баҳс ва табодули назар карда буд.
Соли 2020 арзиши мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Маҷористон ҳудуди 5 миллиону 200 ҳазор доллар буд.
Бештар бихонед :