Апрел 09, 2021 19:08 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон 70 тарҳи сармоягузорӣ ба арзиш беш аз 3. 5 миллиард доллар дар ҳоли иҷро аст
    Дар Тоҷикистон 70 тарҳи сармоягузорӣ ба арзиш беш аз 3. 5 миллиард доллар дар ҳоли иҷро аст

Тоҷикистон дар назар дорад то 3 соли оянда беш аз 2. 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бар асоси пешбинии шохисҳои аслии иқтисоди калони Тоҷикистон, барои солҳои 2021 - 2023 рушди солонаи ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба таври миёна 200 миллион доллар баровард шудааст.

Имсол сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон 774 миллион доллар, соли 2022 мелодӣ 924 миллион доллар ва дар соли 2023 як миллиарду 69 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

Бар асоси омори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар ин кишвар 70 тарҳи сармоягузорӣ ба арзиши беш аз 3. 5 миллиард доллар дар ҳоли иҷро аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп