Апрел 09, 2021 21:32 Asia/Dushanbe
  • Хандақҳои кандашуда то итминон аз сафед шудани авзои коронаӣ дар манотиқи ҳаммарзи Қирғизистон пур нахоҳад шуд
    Хандақҳои кандашуда то итминон аз сафед шудани авзои коронаӣ дар манотиқи ҳаммарзи Қирғизистон пур нахоҳад шуд

Мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд эълом кардаанд, ки то замони сафед шудани авзои коронаӣ дар Қирғизистон хандақҳои кофташуда миёни ин минтақа бо кишвари ҳамсоя боқӣ хоҳад монд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ин мавонеъ як сол қабл бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши вируси корона миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва манотиқи марзии Қирғизистон ҳафр шуда буд ва бар рафтуомади афрод дар ин масир бо дурбинҳои мадорбаста назорат мешуд.

Акнун агарчӣ ба кишоварзони тоҷик барои рафтан ба мазореашон дар бархе манотиқ муҷаввиз дода шудааст, аммо Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъкид кардааст, хандақҳои кандашуда то итминони комил аз сафед шудани авзои коронаӣ дар манотиқи ҳаммарзи Қирғизистон пур нахоҳад шуд.

Қаблан сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз баста будани марзҳову коҳиши тиҷорат байни ноҳияҳои марзӣ шикоят карда буданд.

Пеш аз баста шудани марзҳо тоҷикҳо сӯхти арзонтарро аз сокинони манотиқи марзии Қирғизистон харидорӣ мекарданд ва ба қирғизҳо меваи хушку мавод ғизоӣ мефурӯхтанд, ки барои ҳар ду тарафи судовар буд.

Ҳамчунин қирғизҳо ба далели наздикии марказҳои дармонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, беморони худро ба ин марказҳо мунтақил мекарданд ва аз хадамоти пизишкони тоҷик розӣ буданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп