Корея ба Тоҷикистон дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ кумак мекунад
Коршиносону мутахассисони Тоҷикистону Корея таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро баррасӣ хоҳанд кард
Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик дар мулоқот бо сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода таъкид кард, ки кишвараш омодааст ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ бо Саридораи геологияи ба роҳ монад.
Дар ҳамин ҳол сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҳамкории Тоҷикистону Кореяро мусбат арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду давлат мебошад.
Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ояндаи наздик ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ мизи мудаввар бо иштироки коршиносону мутахассисони ҳарду ҷониб доир намоянд.