Тоҷикистон ва Маҷористон санади ҳамкории дипломатӣ имзо карданд
Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Маҷористон тафоҳумномаи ҳамкории байни ниҳодҳои дипломатии ду кишвар барои солҳои 2022-2024-ро имзо карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, вазири умури хориҷа ва тиҷорати Маҷористон "Питер Сиарто" дар сафар ба Тоҷикистон бо «Сироҷиддин Муҳриддин» вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор кард ва дар ин дидор ду тараф тавсеъаи равобити дуҷонибаро баррасӣ ва дар мавриди мавзӯоти минтақавӣ тақвияти равобити чандҷониба табодули назар карданд.
Ду тараф алоқаи мандии мутақобили худро барои густариши равобити чандваҷҳӣ байни ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, зистмуҳитӣ , гардишгарӣ, илмӣ, фарҳангӣ, беҳдоштӣ ва варзишӣ иброз карданд.
Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Маҷористон ҳамчунин бар таҷлили сиюмин солгарди равобити дипломотии байни ду кишвар дар соли 2022 таъкид карданд ва дар ин замина баргузории рӯйдодҳои илмӣ ва фарҳангиро хостор шуданд.
Равобити диплумотӣ миёни Тоҷикистону Маҷористон аз 2 июли соли 1992 барқарор шудааст.
Бештар бихонед: