Апрел 10, 2021 20:14 Asia/Dushanbe
  • Баъзе сокинони ноҳияи Нуробод бояд аз маҳалли сарбанди Роғун ба манотиқи дигари Тоҷикистон кӯчонида шаванд
    Баъзе сокинони ноҳияи Нуробод бояд аз маҳалли сарбанди Роғун ба манотиқи дигари Тоҷикистон кӯчонида шаванд

Комиссияи давлатии интиқоли сокинони маҳалли садди нерӯгоҳи Роғун ба дигар манотиқи Тоҷикистон дар нишасте дар Душанбе мавзӯи кучондани ин афродро баррасӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Матлубахон Сатториён муовини нахуствазири Тоҷикистон дар ин нишаст бар зарурати омодасозии хонаҳо, мактабҳо ва кӯдакистонҳо, дармонгоҳҳо, кашидан хутути интиқоли барқу об ва дигар таъсисоти муҳими иҷтимоӣ қабл аз кӯч додани сокинони маҳалли садди нерӯгоҳи Роғун таъкид кард.

Ин нишаст бо ҳузури вазири кору муҳоҷират, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ, ҳамлу нақл, маориф ва улум,  молия ва мақомоти масъули вилоятҳои Хатлон ва Суғд баргузор шуд. 
  
Бар асоси тарҳи сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун теъдоде аз сокинони ноҳияи Нуробод бояд аз маҳлали сохт садди 335 метрии ин нерӯгоҳ ба дигар манотиқи Тоҷикистон кўчонда шаванд дар ғайри инн сурат маҳалҳои сукунати феълии онон зери об хоҳад раф. 

Гуфта мешавад, ки такмили ин нерӯгоҳ бо зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соъат барқ дар соли 12 соли дигар имконпазир хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп