Апрел 11, 2021 20:57 Asia/Dushanbe
  • Сафари муовини вазири дифои Тоҷикистон ба Маскав
    Сафари муовини вазири дифои Тоҷикистон ба Маскав

Муовини вазири дифои Тоҷикистон ба Маскав сафар мекунад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати дифои Тоҷикистон, генерал « Эмомалӣ Собирзода», муовини аввали вазири дифо ва раиси ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳафтаи оянда ба Маскав сафар мекунад. 

Ҳадаф аз сафари Собирӣ ба Русия ширкат дар ҷаласаи комитети низомии Созмони Паймони Амнияти ҷамъӣ аст, ки қарор аст 14 апрел ба раёсати « Валерий Герасимов"  муовини аввали вазири дифои Русия баргузор шавад. 

 

Дар ин иҷлос руасои ситодҳои кулли нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон, Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ҳузур доранд.

Интизор маеравад Собирӣ дар ин ҷаласа бо ҳамтоёни худ дар мавриди авлавиятҳои пешниҳодии низомӣ ва амниятии Тоҷикистон ба кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ройзанӣ кунад. 

Ҳамчунин дар ин иҷлос қарор аст дар бораи чолишҳо ва таҳдидоти амнияти Ннзомӣ дар манотиқи Аврупои шарқӣ, Қафқозу Осиёи Марказӣ ва барномаҳои муштарак дар заминаи омӯзиш , кантрол ва чигунагии муқобила бо ҳамалоти ташаъшуъӣ ,шимиёӣ ва биологӣ баҳс ва баррасӣ шавад. 

Созмони Паймони Амнияти ҷамъӣ соли 2002 мелодӣ таъсис ва кишварҳои Қазоқистон ,Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви он ҳастанд. 
  
  
  
  Бештар бихонед:

Барчасп