Ифтитоҳи сохтмони консулгарии Маҷористон дар шаҳри Душанбе
(last modified Sun, 11 Apr 2021 16:24:15 GMT )
Апрел 11, 2021 21:24 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи сохтмони консулгарии Маҷористон дар шаҳри Душанбе
    Ифтитоҳи сохтмони консулгарии Маҷористон дар шаҳри Душанбе

Сохтмони консулгарии Маҷористон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон вазири умури хориҷаи Маҷористон дар маросими ифтитоҳ гуфт: Ифтитоҳи консулгарии Маҷористон дар шаҳри Душанбе нақши муҳимме дар тавсеаи равобити ду кишвар хоҳад дошт. 
  
  Питери Шиджарто ҳамчунин дар маҷмаъи сармоягузории Тоҷикистон ва Маҷористон, ки бо талоши Комитети давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амлоки давлатии Тоҷикистон баргузор шуд низ ширкат кард. 
  
Ширкаткунандагон дар ин  ҷаласа дар мавриди фазои касбу кор ва фурсатҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои ҷаҳонгардӣ, саноат, кишоварзи ва дорусозӣ дар Тоҷикстон табодули назар карданд. 
  
Равобити диплумотикӣ байни Тоҷикистону Маҷористон  2 июли 1992 барқарор шуд. 

 

Бештар бихлнед: