Вазири меҳнати Тоҷикистон аз фаъолияти рушди минтақаи Дӯстӣ дидан кард
(last modified Sun, 11 Apr 2021 18:23:19 GMT )
Апрел 11, 2021 23:23 Asia/Dushanbe
  • Вазири меҳнати Тоҷикистон аз фаъолияти рушди минтақаи дӯстӣ дидан кард
    Вазири меҳнати Тоҷикистон аз фаъолияти рушди минтақаи дӯстӣ дидан кард

Вазири меҳнати Тоҷикистон аз фаъолияти рушди минтақаи Дӯстӣ боздид кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати меҳнати Тоҷикистон Ширин Амонзода дар ин боздид гуфт: Иқдомоти умронӣ дар ноҳияи дӯстӣ аз кайфияти болое бархурдор аст. 

 Ӯ илова кард: Бо итмоми сохти ин сохтмонҳо заминаи омӯзиш барои афроди камтавон, бузургсолон ва бонувони ноҳия эҷод хоҳад шуд. 


 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон инчунин илова кард, ки то соли оянда дар Тоҷикистон 12 маркази нави касбомӯзии техникӣ сохта мешавад.

Ширин Амонзода тасреҳ кард, ин теъдод маркази омўзишӣ бо ҳамкории сандуқи миллии сармоягузории иҷтимоии Тоҷикистон ва Боннки ҷаҳонӣ сохта хоҳад шуд. 

Ин муҷтамаъҳо дар навоҳии Кӯлоб, Фархор, мери ҳамадонӣ, Панҷ, Хоруғ , Ванҷ сохта мешавад. 

Бар асоси эъломи мақомоти Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар 62 муассисаи омӯзишии кишвар 97 риштаи тахассусии фаннӣ ва касбӣ тадрис мешавад, ҳамчунин 5 маркази омӯзишии бузургсолон бо 41 шӯъба ва 21 дафтари намояндагӣ низ дар Тоҷикистон фаъол аст . 
  
  
  
  Бештар бихонед :