Октябр 15, 2023 10:49 Asia/Dushanbe
  • Чилучорчашма дар Тоҷикистон чашмаи шифобахш
    Чилучорчашма дар Тоҷикистон чашмаи шифобахш

Чилучорчашма чашмаи шифобахш аст, ки дар 230 километрии ҷануби шаҳри Душанбе қарор дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Чилучорчашма яке аз ёдгориҳои табии ва экологии Тоҷикистон мебошад. Дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ҷойгир аст. Чилучорчашма зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, воқеъ дар 230-километрии ҷануби шаҳри Душанбе аст, ки дар миёни мардум ҳамчун 44 чашмаи шифобахш, мавзеъи дорои таърихи беш аз ду ҳазорсола шинохта шуда аст.

Панҷ чашмаи калон фаввора зада ба 39 чашмаи майда тақсим мешавад оби ҳамаи чашмаҳо якҷоя шуда, ҷўйбори калони васеъгиаш 12-13-метраро ташкил медиҳад ва дар он моҳии зиёде мавҷуд аст. Моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён намераванд, балки дар худи сарчашмаи обҳо дар масофаи 800-900 метр шино мекунанд.

Оби 17 чашмаи он шифобахш ба шумор меравад ҳар як чашма хусусияти табобат ва номи маҳаллии хос дорад: “Чашмаи морон, хунукзадагон” аз газидани мор ва аз шамол задан, “Устухондард” аз касалиҳои устухон, “Табларза” аз табларза, “Шифо” шифобахш аст.

Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption

 

Барчасп