Апрел 13, 2021 19:47 Asia/Dushanbe
  • Кабир: Ҷазби сармояи хориҷӣ дар ояндаи наздик ба зарфияти тавлиди конҳо дар Тоҷикистон хоҳад афзуд
    Кабир: Ҷазби сармояи хориҷӣ дар ояндаи наздик ба зарфияти тавлиди конҳо дар Тоҷикистон хоҳад афзуд

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз сохти 103 корхона ва 139 коргоҳ дар ин кишвар то поёни имсол хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, Шералӣ Кабир гуфтааст, ки бахши умдаи ин марокизи тавлидӣ ба истихроҷи маъдану филизоти рангӣ ихтисос хоҳад ёфт.

Вай изофа кардааст, ки ҳаминак дар Тоҷикистон беш аз 50 навъи маъдани филиз истихроҷ мешавад ва аз ин назар ин кишвар дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷойгоҳи вижае қарор дорад.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон афзуд: Дар Тоҷикистон аз 600 кони  шиносоишуда танҳо дар 100 кон истихроҷ оғоз шудааст, аммо ҷазби сармояи хориҷӣ дар ояндаи наздик ба зарфияти тавлид хоҳад афзуд.

Шералӣ Кабир идома дод: Баҳрабардорӣ аз ду кони тиллои ҷадид дар водии Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон мавсум ба Чорӣ ва Дуоба ва ҳамчунин истихроҷи нуқра дар чаҳор кони шимоли Тоҷикистон ва вилояти кӯҳистони Бадахшон дар ҳоли баррасӣ аст, ки бо иҷро шудани ин тарҳҳо ин кишвар метавонад ба яке аз қутбҳои тавлиди нуқра дар ҷаҳон табдил шавад.

Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар соли 2020 дар ин кишвар бо сохти беш аз 300 коргоҳ барои 6 ҳазору 500 нафар иштиғолзоӣ шудааст.

 

Бештар бихонед: