Тоҷикистон ва Русия корхонаи муштараки комюнсозӣ таъсис мекунанд
(last modified Tue, 13 Apr 2021 16:38:17 GMT )
Апрел 13, 2021 21:38 Asia/Dushanbe
  • Мошинҳои боркаши русии КамАЗ, ГАЗ ва Урал дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия дар минтақаи озоди иқтисодии Панҷ тавлид хоҳад шуд
    Мошинҳои боркаши русии КамАЗ, ГАЗ ва Урал дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия дар минтақаи озоди иқтисодии Панҷ тавлид хоҳад шуд

Намояндаи тиҷории Русия дар Душанбе аз тавлиди мошинҳои борбарии русӣ дар Тоҷикстон барои фурӯш ба Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Евгений Коренков гуфтааст, ки Тоҷикистон ва Русия тарҳи сохти корхонаи тавлиди мошинҳои русӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Панҷ, дар наздикии марз бо Афғонистонро ниҳоӣ мекунанд, ки ин маҳсулот ҳам дар дохили Тоҷикистон ва ҳам барои фурӯш ба Афғонистон истифода хоҳад шуд.

Вай изофа кардааст, ки мошинҳои борбарии русии КамАЗ, ГАЗ ва Урал дар корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Русия дар минтақаи озоди иқтисодии Панҷ тавлид ва бо тавваҷуҳ ба таносуби онҳо бо шароити кӯҳистонии Афғонистон, ба ин кишвар содир хоҳад шуд.

Ба гуфтаи намояндаи тиҷории Русия дар Душанбе, сохти коргоҳҳои тавлиди қатаот, таъмиргоҳҳо ва озмоишгоҳҳои фаннӣ низ дар минтақаи озоди иқтисодии Панҷ барномарезӣ шудааст.

Коренков ёдовар шуд, ки солиёни зиёде аст, ки аз комюнҳои русӣ дар Афғонистон истифода мешавад ва баррасиҳо нишон медиҳад, ки ин кишвар дар оянда бозори муносибе барои ин маҳсулот хоҳад буд.

 

Бештар бихонед: