Чопи китоби "Динам ишқ аст" дар Душанбе
"Динам ишқ аст" унвони китоби ғазалҳои Шоҳмансури Шоҳмирзо аст, ки дар нашрияи "Адиб"-и шаҳри Душанбе ва бо пешгуфтори самимонае аз устод Меҳмон Бахтӣ, аз чоп шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи итилорасонии муассисаи фарҳангии ЭКО, устод Меҳмон Бахтӣ нависандаи халқии Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ дар сарсухани ин китоб, Шоҳмансури Шоҳмирзоро асосан нависандаи соҳиби сабк медонад, ки дар эҷоди шеър низ шоири корозмуда ва хушзавқ нишон додааст.
Устод Меҳмон Бахтӣ зимни таҳлил ва баррасии ғазалҳои Шоҳмансури Шоҳмирзо, " офаридани ҳолат ва тасвирҳои зиндаву боварибахш дар канори риояти вазну маънӣ ва хушоҳангии сухан "-ро аз хусусиёти назарраси ғазалҳои ӯ медонад.
Пеш аз ин аз Шоҳмансури Шоҳмирзо китобҳои Сурмаи дил ( дар ҳамкорӣ бо падараши Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад ) Ҳазор қандил, Модарнома ва Давлати безавол дар Тоҷикистон, Мехостам парранда шавам дар Эрон ва Боғи шафтолу дар ҳар ду кишвар ба чоп расидааст.
Бояд гуфт, ки Шоҳмансури Шоҳмирзо коршиноси фарҳангии Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии ЭКО аст .
Ӯ дар муаррифии адабиёти тоҷик дар кишвари мизбон ин созмон, яъне Эрон фаъолиятҳои муассире анҷом додааст, ба тавре, ки 12 асар аз осори шоирону нависандагони тоҷик бо талоши ӯ дар Теҳрони тадвин, тарҷума ва мунташир шудааст.
Бештар бихонед: