15 соли зиндон барои сокини ноҳияи Дарвоз ба ҷурми ҳамкорӣ бо Толибон
(last modified Thu, 15 Apr 2021 09:26:13 GMT )
Апрел 15, 2021 14:26 Asia/Dushanbe
  • Ноҳияи Дарвозаи Тоҷикистонро аз Афғонистон танҳо дарёи Панҷ ҷудо мекунад
    Ноҳияи Дарвозаи Тоҷикистонро аз Афғонистон танҳо дарёи Панҷ ҷудо мекунад

Додгоҳи вилояти Бадахшони Тоҷикистон як сокини ноҳияи Дарвозро ба ҷурми ҳамкорӣ бо гурӯҳи Толибон ба 15 сол зиндон маҳкум кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Сӯҳробҷон Вазирови 44- солаи сокини ноҳияи Дарвози Тоҷикистон дар ду соли ахир бо Ҷумъа Талбон фармондеҳи гурӯҳи Толибон дар фармондории  Нусайи  вилояти Бадахшони Афғонистон тамос барқарор карда ва ба вай да бораи мавозеи нерӯҳои низомӣ ва амниятии Афғонистон итилоъ додааст. 

Гуфта мешавад, ки ин итилоърасонӣ мӯҷиби чанд амалиёти гурӯҳи Толибон алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон ва куштаву захмӣ шудани онон шудааст. 

Аз сӯи дигар таҳаррукоти нерӯҳои низомӣ ва амниятии Афғонистон аз ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, ки танҳо рӯдхонаи марзии Панҷ ин ду минтақаро аз ҳам ҷудо мекунад, ба осонӣ қобили мушоҳида аст. 

Додгоҳи вилояти Бадахшон ҳамчунин Аминҷон Тоатови 34 сола ва Қурбон Муҳаммаддодови 53 соларо ба иттиҳоми итилоъ доштан аз ҳамкории Вазиров бо гурӯҳи Толибон ва хабар надодани ин қазия ба нерӯҳои амниятии ноҳияи Дарвоз ба пардохти ҳар кадом 30 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум кардааст. 

Пештар дар бора ҳузури теъдоде аз атбоъи тоҷикистонӣ дар таркиби гурӯҳи Толибон дар вилояти Бадахшони Афғонистон ва мушорикати онон дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятии афғон  гузоришҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда буд.

 

Бештар бихонед: