Апрел 16, 2021 20:13 Asia/Dushanbe
  • Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Прокурори генералӣ, судҳои олӣ ва иқтисодиро барои хотима додан ба сохтмонҳои ғайриқонунӣ даъват мекунад
    Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Прокурори генералӣ, судҳои олӣ ва иқтисодиро барои хотима додан ба сохтмонҳои ғайриқонунӣ даъват мекунад

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон хостори поён додан ба сохтусозҳои ғайримуҷоз дар кишвар шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Рустами Эмомалӣ дар нишасти аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз идомаи сохтусозҳоии худрсарона ва ғайримуҷоз дар ин кишвар интиқод кард ва хостори иқдомоти додситони кул, додгоҳҳои олӣ ва иқтисодӣ барои поён додан ба ин падида шуд. 

Вай бо ишора ба тавсеаи масоҳати шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ гуфтааст:«Дар ин минтақа мавридҳои зиёди сохтусози худсаронаи хона дар заминҳои кишоварзӣ мушоҳида мешавад . Баррасии ин мавзӯ нишон медиҳад, ки теъдоди зиёде аз афрод бидуни доштани муҷаввиз дар заминҳои зеркишт иқдом ба хонасозӣ мекунанд." 
  
Рустам Эмомалӣ таъкид кард, ки зарурат дорад, ки мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон, додгоҳҳои олӣ ва иқтисодии кишвар барои поён додан ба идомаи раванди сохтусозҳои ғайримуҷоз вориди амал шаванд. 
  
Ин дар ҳолест, ки дар солҳои ахир барои тавсеаи шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ 7 ҳазору 659 гектар вогузор шудааст, ки акнун масоҳати кулли пойтахти Тоҷикистон ба 20 ҳазору 18 гектар расидааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп