Карантини нозирони молиявии Қазоқистон дар Хуҷанд бинобар таби баланд ва дарди гулӯ
(last modified Fri, 16 Apr 2021 15:56:24 GMT )
Апрел 16, 2021 20:56 Asia/Dushanbe
  • Карантини нозирони молиявии Қазоқистон дар Хуҷанд бинобар таби баланд ва дарди гулӯ
    Карантини нозирони молиявии Қазоқистон дар Хуҷанд бинобар таби баланд ва дарди гулӯ

5 нафар аз нозирони молӣ, ки аз Қазоқистон барои баррасии амалкарди молии Бонки Эсхата дар Хуҷанд ба вилояти суғд омада буданд бо аломати таби боло ва дарди гулӯ карантин шудаанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷӣ,  мақомоти идораи тандурустии вилояти Суғд гуфтаанд, ки натоиҷи озмоиши ин афрод барои Ковиди 19 манфӣ буда ва ба хотири итминони бештар ба Душанбе ирсол шудааст. 

Ин дар ҳолест, ки атбоъи Қазоқистон ҳангоми вуруд ба Хуҷанд бо худ гувоҳиномаи озмоиши манфии Ковиди 19-ро ба ҳамроҳ доштаанд. 

Дар пайи ин ҳодиса тамоми 60 корманди Бонки Эсхата дар Хуҷанд озмоиши мубтало набудан ба Ковид 19 додаанд. 

Гуфта мешавад ,ки натиҷаи озмоиши ин кормандон манфӣ буда, вале барои эҳтиёти бештар, муқаррароти дуркорӣ барои онон иҷро шудааст. 

Бар асоси гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ин кишвар аз оғози соли 2021 ҳеч мавриди ҷадиди бемории Ковиди 19 мушоҳида нашуда ва омори мубталоёну фавтшудагон ҳамон 13 ҳазор олуда ва 90 ҷонбохта мебошад, ки ба соли 2020 бармегардад.

 

Бештар бихонед: