Як зодаи Тоҷикистон имомхатиби масҷиди Хабаровскии Русия таъин шуд
(last modified Sat, 17 Apr 2021 05:54:21 GMT )
Апрел 17, 2021 10:54 Asia/Dushanbe
  • Шуморе аз рӯҳониёни тоҷик дар мақоми имомати масоҷиди манотиқи марказии Русия фаъолият мекунанд.
    Шуморе аз рӯҳониёни тоҷик дар мақоми имомати масоҷиди манотиқи марказии Русия фаъолият мекунанд.

Бори аввал як рӯҳонии зодаи Тоҷикистон дар Русия ба маснади имомхатибӣ расид. Абдулҳай Имонқулови тоҷикистонӣ, бо қарори муфтии музофоти Шарқи дур Рамазан Алиев имомхатиби масҷиди марказии музофоти Хабаровск таъйин шуд.

Ба нақл аз Pressa.tj, Абдулҳай Имонкулов соли 1982 дар Тоҷикистон таваллуд шуда феълан шаҳрванди Русия мебошад. Аз рӯйи шаҳодатнома ӯ Имонқулов Жуманазар Худойназарович ном дорад. Абдулҳай-ҳазрат номи дуввуми ӯ мебошад. Оиладор ва соҳиби 6 фарзанд аст.

Абдулҳай-ҳазрат солҳои зиёди умрашро ба омӯзиши Қурон масраф кардааст. Ӯ 6 сол дар Тоҷикистон дини Ислом омӯхта баъдан Институти исломии шаҳри Октябри Бошқирдистон ва мадрасаи Буинро дар Тотористон хатм кардааст.

Солҳои 2007 -2014 год Абдулҳай-ҳазрат дар шаҳри Уссурийски музофоти Приморск имомхатибӣ кард. Дар ин шаҳр маълумоти дунявӣ гирифта, дар Донишгоҳи ин шаҳр забонҳои хитоиву англисӣ омӯхт.

Солҳои 2014- 2016 дар Маскав фаъолият намуд. Аз соли 2016 то 2020 дар масҷиди шаҳри Стрежевойи вилояти Томск имомхатиб буд. Акнун ёвари муфтии Шарқи Дур ва имимхатиби Хабаровск таъин шудааст.

Ҳамакнун шуморе аз рӯҳониёни тоҷик дар мақоми имомати масоҷиди манотиқи марказии Русия фаъолият мекунанд.

Бештар бихонед: