Судури ҳукми зиндон барои як рӯҳонии тоҷик
(last modified Sun, 19 Sep 2021 05:48:51 GMT )
Сентябр 19, 2021 10:48 Asia/Dushanbe
  • Судури ҳукми зиндон барои як рӯҳонии тоҷик

Додгоҳи шаҳри Хоруғ-маркази вилояти Бадахшон яке аз рӯҳониёни минтақаро ба 5 сол зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи шаҳри Хоруғ- маркази вилояти Бадахшон мавлавӣ Абдуллоҳи Язғуломӣ-яке аз рӯҳониёни минтақаро ба 5 сол зиндон маҳкум кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, иттиҳоми вай ва ду шогирдаш, ки ҳар як ба 4-у ним сол зиндон маҳкум шудаанд, тарвиҷи афкори ифротӣ дар фазои маҷозӣ " эълом шудааст .
Наздикони ин рӯҳонӣ муътақиданд  вай дар бештари наворҳои тасвирӣ дар бораи зарурати ваҳдати мусалмонон суҳбат карда ва судури ҳукми 5 сол зиндон барои ӯ ноодилона аст .
Мавлавӣ Абдуллоҳи Язғуломӣ 18 июни соли ҷорӣ ба дархости мақомоти додситонии вилояти Бадахшон дар шаҳри Душанбе боздошт шуд .

Мавлавӣ Абдуллоҳи Язғуломӣ дар дифоъияи худ дар додгоҳ гуфт : Ҳамвора ҷавононро барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ташвиқ мекард ва бо даъвати вай даҳҳо донишҷӯ ва талаба аз марокизи омӯзишӣ ва мазҳабии кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд, аммо муттаасифона ин хадамот ва заҳамоти ӯ нодида гирифта шуд .

Наздикони ин рӯҳонӣ ҳамчунин эълом кардаанд ки аз Додгоҳи олии Тоҷикистон дархости бознигарӣ дар ҳукми содираро доранд