Апрел 18, 2021 13:37 Asia/Dushanbe
  • Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ хостааст, ҳузури худ дар Русияро қонунӣ кунанд
    Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ хостааст, ҳузури худ дар Русияро қонунӣ кунанд

Дар паи ҳушдори вазорати кишвари Русия ба 247 ҳазор тоҷики ғайриқонунии ҳозир дар ин кишвар, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баёнияе мунташир кард.  

Ба нақл аз сомонаи вазорат, дар ин баёния аз тоҷикҳое, ки бидуни иҷозатнома дар Русия ба сар мебаранд, хоста шудааст, ки бо муроҷиа ба идороти хадамоти муҳоҷирати ин кишвар, иқомати худро сабт кунанд.

Пеш аз ин Вазорати кишвари Русия эълом карда буд, ки дар сурати сабт нашудани иқомат ин муҳоҷирон то 15 июн аз Русия ихроҷ мешаванд ва вуруди дубораи онон низ ба ин кишвар мамнуъ хоҳад буд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз ин даста аз муҳоҷирони корӣ хостааст, барои қонунӣ кардани ҳузури худ дар Русия аз фурсати додашуда истифода кунанд ва сафорату консулгариҳо ва намояндагии вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав низ дар ин замина омодаи ҳамкорӣ аст.

Чанд рӯз қабл Александр Горовой, муовини вазири кишвари Русия дар Нишасти Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ гуфт, ки дар ин кишвар 247 ҳазор нафар тоҷик ғайриқонунӣ ҳузур доранд.

Вай таъкид кард, ки ин афрод бояд бо ҳамкории мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон то 15 июн иқомати худ дар Русияро расмӣ кунанд ва ё аз ин кишвар ихроҷ мешаванд ва марзҳои Русия ба рӯи онҳо баста хоҳад шуд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп