Апрел 18, 2021 19:28 Asia/Dushanbe
  • Нақшаи пешниҳоди сохти Донишгоҳи Техникии Иттилоот дар Тоҷикистон
    Нақшаи пешниҳоди сохти Донишгоҳи Техникии Иттилоот дар Тоҷикистон

Малайзия нақшаи сохтани Донишгоҳи Техникии Иттилоотро ба мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати омӯзиш ва илми Тоҷикистон ширкати “ Serbaи Dinamikи Holdingи Berhad ” Малайзия тарҳи сохти Донишгоҳи фанноварии иттилоот дар Тоҷикистонро ба мақомоти ин кишвар пешниҳод кард.

Ин тарҳ дар дидори муовини раиси ширкати “ Serbaи Dinamikи Holdingи Berhad ” Малайзия Муҳаммад Оқил бо Муҳаммад Юсуфи Имомзода, вазири омӯзиш ва илми Тоҷикистон пешниҳод шуд. 

Қарор аст дар сурате,ки мақомоти тоҷик пешниҳоди ин ширкатро бипазирад Малайзия буҷетеро барои сохти донишгоҳ ихтисос диҳад, вале низоми омӯзишии донишҷӯён тобеъи қавонини омӯзишии Тоҷикистон хоҳад буд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин шароити эътои бурси таҳсилии ин ширкат ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Малайзия баҳс ва баррасӣ шуд. 
  
  
  
  Бештар бихонед: 

 

Барчасп