Ифтитоҳи намоишгоҳи фарҳангии Тоҷикистон дар Фаронса
(last modified Sun, 18 Apr 2021 17:17:09 GMT )
Апрел 18, 2021 22:17 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи намоишгоҳи фарҳангии Тоҷикистон дар Фаронса
    Ифтитоҳи намоишгоҳи фарҳангии Тоҷикистон дар Фаронса

Намойшгоҳи осори ҳунарӣ ва тарихии Тоҷикистон дар Фаронса кушоиш меёбад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин матлаб дар дидори Зулфия Давлатзода Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Мишел Тарран сафири Фаронса дар Тоҷикистон матраҳ шуд. 

 
Дар ин мулоқот эълом шуд имсол намоишгоҳи асори ҳунарии Тоҷикистон дар музеи Гайоми Фаронса 13 октябри 2021 то 10 январи 2022 баргузор мешавад. 
  
Дар ин бора тавофуқномае ҳам байни мудирони музеи Гайом, музеи миллии Тоҷикистон ва музеи муассисаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумнигории Академияи миллии улӯми Тоҷикистон имзо шудааст. 

Мишел Торон низ дар ин мулоқот гуфт: ин намоишгоҳ яке аз аввалин намоишгоҳҳои Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоист, ки фарҳангу таърихи ғании миллати Тоҷикистонро нишон медиҳад. 

Сафири Фаронса дар Душанбе афзуд: намоишгоҳ дар замони бисёр муносиб баргузор хоҳад шуд, зеро дар ин муддат ба далели таътилот дар Фаронса теъдоди гардишгарони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш хоҳад дошт. 

 


  
Ин намоишгоҳ қарор буд аз 4 ноябри 2019 то 17 феврали 2020 баргузор шавад, ки ба далели шуюи корона ба таъвиқ афтод.

 

Бештар бихонед: