Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Тоҷикистон
Апрел 19, 2021 16:50 Asia/Dushanbe
Тавлиди маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар се моҳаи аввали имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта 17, 4 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, мизони тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар се моҳаи аввали 2021, 8,2 миллиард сомонӣро ташкил дода, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли 2020 беш пз 1,4 миллиард сомонӣ бештар будааст.
Бештарин рушди тавлиди маҳсулоти Тоҷикистон дар ҳавзаҳои монанди саноати маъданӣ ва фароварӣ ва барқ сабт шудааст.
Дар тавлиди нохолис дохилӣ Тоҷикистон саҳми саноат дар се моҳаи аввали имсол 22,8 дарсадӣ будааст.
Бештар бихонед:
- Қарзи хориҷии Тоҷикистон 15 дарсад беш аз тавлиди маҳсулоти саноатии кишвар
-
Саронаи тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон 3 ҳазору 399 сомонӣ