Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 19 Apr 2021 11:50:35 GMT )
Апрел 19, 2021 16:50 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши баландтарини саноат дар Тоҷикистон дар соҳаҳое ба мисли канданиҳои фоиданок, коркард ва нерӯи барқ ​​ба қайд гирифта шудааст
    Афзоиши баландтарини саноат дар Тоҷикистон дар соҳаҳое ба мисли канданиҳои фоиданок, коркард ва нерӯи барқ ​​ба қайд гирифта шудааст

Тавлиди маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар се моҳаи аввали имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта 17, 4 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, мизони тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар се моҳаи аввали 2021, 8,2 миллиард сомонӣро ташкил дода, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли 2020 беш пз 1,4  миллиард сомонӣ бештар будааст. 

Бештарин рушди тавлиди маҳсулоти Тоҷикистон дар ҳавзаҳои монанди саноати маъданӣ ва фароварӣ ва барқ сабт шудааст. 

Дар тавлиди нохолис дохилӣ Тоҷикистон саҳми саноат дар се моҳаи аввали имсол 22,8 дарсадӣ будааст. 

 

Бештар бихонед: