Апрел 19, 2021 18:45 Asia/Dushanbe
  • Аз ин ду муттаҳам 7800 доллари қалбакӣ мусодира карда шуд
    Аз ин ду муттаҳам 7800 доллари қалбакӣ мусодира карда шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавон 17 ва 23 -солаи сокини шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба иттиҳоми фурӯши 7 ҳазору 800 доллари қалбакӣ хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин ду нафар дар моҳҳои март то апрел ин долларҳои тақаллубиро аз марди 28 солаи дигаре дар ин шаҳр дарёфт карда ва ба ду муштарии 28 ва 45- сола фурӯхтаанд. 

Гуфта мешавад, ки аз ин ду муттаҳам  7 ҳазору 800  доллари қалбакӣ кашф ва забт шудааст.

Мақомоти қазоӣ алайҳи ин ду нафар ва ҳамдасташон ба иттиҳоми  таҳия ва фурӯши пулҳои тақаллубӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил додаанду таҳқиқот дар ин бора идома дорад. 

Мақомоти полис дар пайи он ҳастанд, ки мушаххас шавад ин миқдор  доллари тақаллубӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид шуда ва ё дар дохили ин кишвар таҳия шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп