Баргузории ҳамоиши байналмилалии иқтисоди диҷитолӣ дар Тоҷикистон
Ҳамоиши байналмилалӣ бо мавзӯи "Баррасии аҳамияти иқтисоди диҷитолӣ барои Тоҷикистон" дар душанбе баргузор мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, ин ҳамоиши байналмилалӣ бо кумаки донишгоҳи Осиёи марказӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Иттиҳодияи Аврупо ва ба ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон 22 апрел баргузор мешавад.
Дар ин ҳамоиш иқтисоддонони хориҷӣ ва коршиносони тоҷик дар бораи роҳҳои иҷроии барномаи диҷиталӣ (рақамӣ) кардани мудирият, тавлид ва фурӯши маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон баҳс ва табодули назар хоҳанд кард.
Ин нишаст ба таври зинда ва бо тарҷумаи англисӣ суханрониҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешавад.
Банки ҷаҳонӣ чанд солест, ки барномаи диҷиталӣ кардани иқтисоди Тоҷикистонро пешниҳод кардааст ва ҳадафи он истифода аз фанновариҳои навин барои рушди тавлид, бозорёбӣ ва арзаи маҳсулоти саноатӣ аст.
Бештар бихонед: