Тоҷикистон омори Русия дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷикро дуруст намешуморад
Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав омори расмии Вазорати кишвари (умури дохила) Русия дар бораи вуҷуди 247 ҳазор тоҷикистонии ғайримуҷозро дар ин кишвар рад кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи русии РИА Новости Зоҳир Мирзоев гуфтааст, ки вуҷуди ин теъдод тоҷики ғайримуҷоз дар Русияи имконпазир нест ва ба назар мерасад ин рақам беш аз шумори воқеии ин афрод бошад.
Вай илова кард: Мавридҳои зиёде вуҷуд дорад, ки атбоъи Тоҷикистон дар Русия ба далели гум кардани асноду мадорики хеш ва дарёфти гувоҳинома аз сафорат ба кишварашон баргашта бошанд, ки ин раванд дар сомонаҳои Вазорати кишвари Русия сабт намешавад.
Намояндаи Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав изҳор кард: Ҳамчунин ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки омори 247 ҳазор тоҷикистонии ғайримуҷози ҳозир дар Русияи марбут ба 10 соли ахир бошад, ки бар ин асос теъдоди қобили мулоҳизае аз ин афрод акнун дар Тоҷикистон ба сар мебаранд.
Чанд рӯз қабл муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр Гаравай дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии узви Ҷомеаи Ҳамсуд гуфта буд, ки дар кишвар тақрибан як миллион шаҳрванди хориҷии ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд, ки 247 ҳазор нафарашон тоҷиконанд.
Вай таъкид кард, ки ин афрод бояд бо ҳамкории мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон то 15 июн иқомати худро дар Русия расмӣ кунанд, дар ғайри ин сурат аз ин кишвар ихроҷ мешаванд ва марзҳои Русия ба рӯи онҳо баста хоҳад шуд.
Бештар бихонед: