Дидори муовини вазири нерӯи Эрон бо муовини вазири молияи Тоҷикистон дар Душанбе
(last modified Mon, 19 Apr 2021 15:21:51 GMT )
Апрел 19, 2021 20:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳарду ҷониб омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳама самтҳои афзалиятнок изҳор доштанд
    Ҳарду ҷониб омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳама самтҳои афзалиятнок изҳор доштанд

Муовини вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва муовини вазири молияи (молияи) Тоҷикистон дар Душанбе барои густариш ва таҳкими равобити ду кишвар мулоқот карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, «Маҳмадалии Фараҳнокиён» муовини вазири нерӯии Эрон ва « Юсуфи Маҷидӣ » муовини Вазорати молияи Тоҷикистон дар ин мулоқот дар мавриди густариши ҳамкории мутақобил ва судманди байни ду кишвар табодули назар карданд. 

Дар ин дидор тасмимоти сездаҳумини ҷаласаи комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистон ва Эрон пайгирӣ ва дар бораи чаҳордаҳумин  иҷлоси камиссиюни байнидавлатии ду кишвар баҳс ва баррасӣ шуд.

 Дар поёни ин дидор, ҳар ду тараф  омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳои  авлавиятдор иброз карданд.

 

Бештар бихонед: